LIVE

“Реал” дар пеши “Челси” оҷиз монд

Дар бозии ҷавобии даври нимниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо “Челси” бар “Реал Мадрид” ғалаба кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Стэмфорд Бридж” дар Лондон баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Дар дақиқаи 28-уми бозӣ, ҳамлагари "Челси" Тимо Вернер ҳисобро боз кард. Дар қисмати аввали рақобат шогирдони Зидан кореро анҷом дода натавонистанд. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ низ тактикаи интихобкардаи мутахассиси олмонӣ Томас Тухел назар ба ҳамтои фаронсавиаш натиҷабахш буд. “Челси” дар дақиқаҳои охири рақобат голи дуюми худро ба ҳадаф расонид.  Мейсон Маунт дар дақиқаи 85-ум Тибо Куртуарро маҷуб сохт то тӯбро аз дохили тӯри дарвозааш берун орад. Ёдовар мешавем, ки бозии аввали даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо рӯзи 27-уми  апрел дар варзишгоҳи "Алфредо Ди Стефано"  бо ҳисоби 1:1 мусовӣ анҷом ёфта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив