LIVE

Барои чӣ бозии "Ливерпул" ва "МЮ" доир нашуд?

Бозии даври 34-уми Премйер - Лигаи Англия байни дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Ливерпул» дар вақташ баргузор нашуд. Тибқи иттилои Sky Sports, Премйер - Лигаи Англия тасдиқ кардааст, ки бинобар эътирози мухлисон дар “Олд Траффорд”, оғози бозӣ ба вақти номуайян мавқуф гузошта шуд. Қайд карда мешавад, ки доварон, аз ҷумла сардовари бозӣ - Майкл Оливер, ба варзишгоҳ омадаанд, аммо ҳанӯз намедонанд, ки бозӣ кай сар мешавад. Дастаҳо, ба гуфтаи манбаъ, ҳанӯз ҳам дар меҳмонхонаҳо ҳастанд ва наметавонанд онҷоро тарк кунанд. Бозии «Манчестер Юнайтед» ва «Ливерпул» бояд имрӯз соати 20:30 бо вақти Душанбе оғоз мешуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив