LIVE

Даври 5-уми ПЛА бо дербии Ливерпул оғоз мешавад

Имрӯз 17-уми октябр бозии тимҳои “Эвертон” ва “Ливерпул” баргузор мешавад. Ин бозӣ дар доираи рақобатҳои даври 5-уми Премйер Лигаи Англия дар варзишгоҳи “Гудисон Парк” сурат мегирад. Майкл Оливер довари марказии дербии Ливерпул маҳсуб меёбад.  “Эвертон” дар ҷадвали Премйер Лига пешсаф аст. Шогирдони Карло Анчелотти дар чор даври мусобиқа 12 хол ба даст оварданд. Дастаи Юрген Клопп бо 9 имтиёз дар зинаи панҷуми ҷадвал ҷойгиранд. “Ливерпул” дар мавсими гузашта қаҳрамони Премйер Лига гашта буд.  “Эвертон” бошад, мавсимро дар ҷои 12-ум ҷамъбаст намуд.
Ҳамчунин бозии дигари ҷолиби даври 5-ум, ин  рақобати дастаҳои футболи “Манчестер Сити” ва “Арсенал” ба ҳисоб меравад. Тв “Футбол” бозиҳои мазкурро танҳо тавассути мавҷи Т-2 манзури мухлисон хоҳад кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив