LIVE

"Ливерпул" бохтро фаромӯш кардааст

“Ливерпул” дар доираи даври 15-уми Премйер-лига “Эвертон”-ро (5:2) ноком кард.
Дастаи Юрген Клопп рекорди даставии худро нав карда, дар 32 бозӣ мағлуб намегардад – 27 ғалаба ва 5 мусови.
Аз моҳи майи соли 1987 то моҳи марти 1988-ум “Ливерпул” дар 23 дидор ғалаба карда буду 8 бозиро бо мусовӣ анҷом дод.
Дар мавсими кунунӣ мерсисайдиҳо дар ҳисоби худ 14 ғалаба дошта, танҳо дар як бозӣ натавонистанд, ки пирӯз гарданд (“МЮ” 1:1 “Ливерпул”). Бори охир “Ливерпул” санаи 3-юми январи соли ҷорӣ аз “Манчестер Сити” (1:2) мағлуб гардида буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив