LIVE

Ҷойи Ханс Дитер Фликро кӣ мегирад?

Сармураббии дастаи «РБ Лейптсиг» - Юлиан Нагелсманн фаъолияти варзишиашро дар дастаи «Бавария» идома медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии мюнхениҳо хабар дод. Мутахассиси 33-сола аз 1 июли соли 2021 ба кори нав оғоз мекунад. Қарордод байни даста ва коршинос 5 солро дар бар мегирад. Ёдовар мешавем, ки муҳлати шартномаи Нагелсманн бо "Лейптсиг" то  соли 2023 эътибор дошт. Вале худи Нагелсманн аз роҳбарияти даста хоҳиш кардааст, то   қарордодро қатъ намоянд. Барои ин амал "Лейптсиг" то 30 млн евро ҷубронпулӣ талаб мекунад. Сармураббии феълии "Бавария" Ханс Дитер Флик пас аз анҷоми мавсим аз мансаб канор хоҳад рафт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив