LIVE

Флик дар нахустин соли кор бо «Бавария» 3 ҷоиза ба даст овард

Сармураббии бошгоҳи «Бавария» - Ханс-Дитер Флик дар мавсими аввали фаъолияташ, дастаро дар  Лигаи чемпионҳо, Бундеслига ва Ҷоми Олмон  ғолиб гардонид. 
Флики 55 сола роҳбарии «Бавария»-ро рӯзи  3-юми ноябри соли 2019 ба уҳда гирифт. Ӯ дар ин вазифа  Нико Ковачро иваз намуд. Дар оғоз Флик иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста буд ва роҳбарияти клуб дар моҳи апрели соли 2020 бо ӯ қарордоди ҳамкории расмӣ ба имзо расонид. “Бавария” бори шашум дар таърихи хеш ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардид. Аз рӯи ин нишондод «Бавария» бо «Ливерпул» баробар шуд. Аз ин ду даста бештар “Милан” 7 маротиба ва “Реал Мадрид” 13 маротиба Ҷоми Лигаи Чемпионҳоро моли худ кардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив