LIVE

“Бавария” дигар ба сармураббии нав ниёз надорад

Мутахассиси 55 солаи олмонӣ - Ханс-Дитер Флик бо дастаи “Бавария”-и Мюнхен шартномаи ҳамкориашро тамдид кард. Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки Флик ба ҳайси сармураббӣ дар дастаи мазкур то соли 2023 боқӣ монад. 
“Ман интизори ҳалли мушкилоти пешомадаам бо мураббиён ва ҳайати тим ҳастам. Гуфтушунидҳо бо Карл-Хайнс, Оливер Кан ва Хасан Салиҳамиҷич бо якдигарфаҳмии хуб анҷом ёфтанд. Мо дар якҷоягӣ кӯшиш мекунем, ки дар муддати кӯтоҳ ба пешрафтҳои хуб ноил шамев”- гуфтааст, Флик. 
Хотиррасон мекунем, ки Флик дар мақоми сармураббии “Бавария” моҳи ноябри соли 2019 Нико Ковачро иваз кард. Феълан бозиҳои Бундеслигаи Олмон бо сабаби пандемияи коронавирус боздошта шудаанд. Феълан “Бавария” бо касби 55 хол сардрнишини ҷавдали умумӣ маҳсуб меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив