LIVE

Нагелсманн Моуринюро дар “Тоттенҳем” иваз мекунад

Сармураббии "Лейптсиг" - Юлиан Нагелсманн метавонад дар “Тоттенхэм”- Жозе Моуринюро иваз кунад, менависад The Telegraph.
Бино ба иттилои рӯзнома ба мутахассиси португалӣ  барои ислоҳи вазъ дар дастаи шаҳри Лондон 12 рӯз вақт дода шудааст. Дар ин муддат "Тоттенхэм" дар марҳилаи 1/16 ниҳоии Лигаи Аврупо бозӣ анҷом дода, дар чемпионат се дидори дигар мегузаронад. Агар дар ин бозиҳо лондониҳо муваффақ нагарданд, пас роҳбарияти даста Нагелсманро сармураббии навбатии “Тоттенҳем” интихоб мекунанд. 
Пас аз 25 даври Премйер Лига “Тоттенҳем” бо 36 имтиёз дар ҷадвал мақоми 9-умро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив