Сармураббии бошгоҳи «Бавария» Ханс-Дитер Флик аз рӯи фарзияи Globe Soccer беҳтарин мураббии соли 2020 эълон гардид. Ба ғайр аз Флик боз Ҷан Пйеро Гасперини («Аталанта»), Хулен Лопетеги («Севиля»), Юрген Клопп («Ливерпул») ва Томас Тухел («Пари Сен-Жермен») барои ҷоизаи беҳтарин мураббии сол мубориза бурданд. Ёдовар бояд шуд, ки дастаи «Бавария» бо роҳбарии мутахассиси олмонӣ мавсими гузашта дар Бундеслига, Ҷоми кишвар, Суперҷоми кишвар ва Лигаи чемпионҳо пирӯз шуда, требл анҷом дод.