LIVE

Бозии рӯз: "Шабоб Ал Аҳли Дубай"-"Истиқлол"

Имшаб бозиҳои даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё  дар гурӯҳи "А" баргузор мешаванд.  Бошгоҳи "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар ин замина бо дастаи  "Шабоб Ал Аҳли Дубай"  вомехӯрад. Чун анъана намояндагони дастаҳо дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ  иштирок намуда, андешаҳои худро  бобати бозии интизор  иброз доштанд.«Барои  дастаҳо ду вохӯригӣ боқӣ мондааст, ки натиҷаи онҳо тақдири роҳхатҳои даври навбатии мусобиқаро ҳал мекунад. Ин бозӣ бешубҳа бозии душворе хоҳад шуд. Зеро "Шабоб Ал-Аҳлӣ" ҳам рақиби сарсахт аст ва барои пирӯзӣ талош хоҳад кард. Мо ҳам дар навбати худ барои вохӯрии оянда  нақшаи худро дорем. Умедворам, ки ҳамаашро дар майдон амалӣ хоҳем кард. Мо албатта, барои се хол мубориза хоҳем бурд",- зикр намуд иырокунандаи вазифаи сармураббии дастаи "Истиқлол" Мубин Эргашев.
Аз миёни  ҳайати  даста бошад, дарвозабон Рустам Ятимов ба суолҳои хабарнигорон посух дод.
"Мо ба бозӣ мувофиқи нақша омодагӣ мебинем. Аз ҳама  муҳим бачаҳо солиманд ва худро хуб ҳис мекунанд. Худи бозӣ ҷараёни рақобатро баҳо хоҳад дод",- баён кард Ятимов.  
     “Шабоб Ал Аҳлӣ” – чемпиони 7-каратаи Лигаи касбии футболи АМА буда, соли 2015 дар финали Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат намуда, аз  бошгоҳи “Гуанжоу Эвергранд”-и Чин шикаст хурдааст.  
Ин даста дар даври аввал  бозиашро бо футболбозони мо, яъне "Истиқлол" мусовӣ 0 бар 0 кард. Дар даври дуюм аз "Ал Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ  бо ҳисоби 0 бар 2  мағлуб шуд.   Бозии сеюми "Шабоб ал Аҳли" бар зидди АГМК ҳам бебарор  анҷом ёфт. "Ал Аҳли" ягона ғалабаи худро  дар даври чорум ба даст овард. Ин ҳам АГМК-ро бо 3 бар 1  шикаст дод.  Пас аз 4 давр   даста дар зинаи 3-юми ҷадвал мавқеъ дорад.  

    Бошгоҳи "Истиқлол", ки дар бозии аввал ин дастаро мағлуб карда натавонист,  ҳамакнун бо тарзи дигар  ба вохӯрӣ муносибат хоҳад кард. Даста тамринҳои барқароркуниро пас аз дидор  бо "Ал Ҳилол"   рохандозӣ намуд.    Тағйирот дар ҳайати асосӣ дар бозӣ  бо арабҳо   натиҷаи  пурсамар овард.  Виталий Левченко бар он назар аст, ки ду бозии оянда хеле муҳим буда,  барои имтиёзҳо то охир мубориза  оштинопазир хоҳад буд.
    Ёдовар мешавем, ки "Истиқлол" айни замон бо касби 7 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи "А" қарор дорад.Рақобати дастаҳои "Шабоб Ал Аҳли Дабай" ва "Истиқлол"  имшаб соати 23-55 дақиқа мусатақиман тариқи ТВ Варзиш пахш мегарад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив