LIVE

Бензема «Реал» - ро садрнишини ҷадвал гардонид

Дар бозии даври 31-уми чемпионати Испания дастаи шоҳонаи “Реал Мадрид” дар сафар бо дастаи “Кадис” вохӯрд. Дидори мазкур дар майдони хонагии “Кадис” – “Рамис де Карранса” баргузор гардида, шогирдони Зидан бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд.

Ҳисобро дар дақиқаи 30-юм ҳамлавар Карим Бензема аз зарбаи пеналти кушод. Голи дувумро бошад, Алваро Одриосола ба самар расонд. Голи мазкур бо партоби зебои Бензема сурат гирифта, Одриосола онро бо сараш озодона вориди дарвоза намуд. Дар дақиқаи 40-ум бошад, боз Бензема ҳисобро бузург намуда, голи сеюми дидорро ба самар расонд. 

Акнун “Реал” бо касби 70 имтиёз дар 32 бозӣ садрнишини ҷадвали Ла Лига гаштанд. “Атлетико Мадрид” низ 70 имтиёз дошта, бо таносуби тӯбҳо мақоми дуюмро ишғол намудааст. Вале дар ихтиёри шогирдони Семионе боз як бозии дигар қарор дорад, ки метавонанд дубора мақоми аввалиро соҳиб шаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив