LIVE

Натиҷаи бозии “Эспанйол” ва “Реал”

Дар даври 32-юми Чемпионати Испания «Эспанйол» аз тими «Реал» шикаст хӯрд. Бозӣ дар Барселона сурат гирифта, бо ҳисоби 0 бар 1 ба суди меҳмонон хатм шуд. Ягона голи ғалабаовари ин вохӯриро дар дақиқаи 45-уми рақобат ниммуҳофизатгари бразилии “Реал” – Каземиро баъди партофти зебои Карим Бензема ба самар расонид. 
«Реал» баъди 32 бозӣ 71 холро соҳиб шуд ва ба зинаи аввали ҷадвали умумии мусобиқа баромад. «Барселона» соҳиби 69 имтиёз буда, ба мақоми дуюм фаромад.  
«Реал» бозии ояндаи худро дар хонааш бо «Хетафе» баргузор мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив