“Реал Мадрид” дар рақобати даври 37-уми Ла Лига бо тими “Вилярреал” вохӯрд. Набарди тимҳо дар пойтахти Испания сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба суди “гаразмониҳо” хотима ёфт. Дар ин вохӯрӣ ҳарду голи бошгоҳи шоҳонаро Карим Бензема зад. Ҳамлавари фаронсавӣ дар дақиқаи 29-ум дарвозаи ҳарифонро рахна сохт. Голи дуюмро бошад, дар дақиқаи 77-ум аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ба самар расонид. Ягона голи меҳмононро бошад, Висента Иборра дар дақиқаи 83-юми дидор ба самар расонд. Акнун баъди ин пирӯзӣ “Реал” соҳиби 86 хол гардида, як давр пеш аз хотимаи чемпионат унвони қаҳрамониро дар ин мавсим соҳиб шуд. Маротибаи охир дастаи мадридӣ дар мавсими 2016/17 ба гирифтани ин ҷоиза даст ёфта буд. “Реал” ягона бошгоҳе дар Испания мебошад, ки аз ҳама бештар 34 маротиба ғолиби Ла Лига гаштааст.


