LIVE

Мутахассиси 29 сола ҷойгузини Моуринйо таъйин шуд

«Тоттенҳэм»  20 апрел дар сомонаи расмӣ дар бораи таъйини Райан Мейсон ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи сармураббии бошгоҳ хабар дод.
Ба ин бозигари 29-сола Крис Пауэлл ва Найҷел Гиббс кӯмак мекунанд.  Мишел Форм мураббии дарвозабонҳо хоҳад буд ва Ледли Кинг ҳамчун мураббии дастаи якум  ба ҳайси ёвар фаъолият хоҳад кард. Мейсон дастпарвари “Тоттенхэм” аст, ки бо тавсияи табибон дар синни 26-солагӣ ба нафақа баромад. Мейсон тӯли ҳашт сол шарафи “Тоттенхэм”-ро  ҳимоя кардааст. Соли 2017 дар ҳайати “Халл”  Мейсон дар бозӣ бо “Челси” аз косахонаи сараш осеб дидааст.
Рӯзи 19 апрел лондониҳо аз истеъфои Жозе Моуриню хабар доданд. Мутахассиси португалӣ аз моҳи ноябри соли 2019 дар “Тоттенхэм” кор мекард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив