LIVE

24 апрел бозиҳои Лигаи якум оғоз мешаванд

Имрӯз, 13-уми апрел дар толори маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати кишвар байни дастаҳои Лигаи аввал баргузор шуд. Дар мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон, ки он аз ду давр иборат мебошад, 12 даста аз ҷумла «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ), «Саройкамар» (Панҷ), «Исфара» (Исфара), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Моҳир» (Ёвон), «Равшан» (Зафаробод), «Ҳосилот» (Фархор), «Динамо» (Душанбе) ва «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) ширкат меварзанд.
Тибқи низоми Бергер, дар даври аввали лигаи якуми Тоҷикистон рӯзҳои 24-25 апрел инҳо вомехӯранд:
«Ҳосилот» (Фархор) – «Равшан» (Зафаробод)
«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)
«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Панҷшер (Ҷалолиддин Балхӣ)
«Саройкамар» (Панҷ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Исфара» (Исфара) – «Динамо» (Душанбе)
«Ҳулбук» (Восеъ) – «Моҳир» (Ёвон)
Ёдовар бояд шуд, ки чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи аввал дар мавсими-2021 аз 24 апрел оғоз меёбад. Тибқи низомнома, ду дастаи беҳтарини охири мавсим ҳуқуқи дар соли оянда дар Лигаи олии Тоҷикистон бозӣ карданро пайдо мекунанд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив