LIVE

Ғалабаи "Эсхата" бар КМВА дар даври 2-юми Лигаи олӣ

Дар доираи бозиҳои даври 2-юми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ   дастаи КМВА дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бошгоҳи “Эсхата”-и Хуҷандро  пазируфт. Дар ин  рақобат   футболбозони "Эсхата" маҳорати баланд нишон дода, аз аввал  ташаббусро ба даст гирифтанд. Дар лаҳзаҳои аввали бозӣ  Шаҳзод Абдураҳимов голи якумро вориди дарвозаи "артишиҳо" гардонд. Дар дақиқаи 25-ум Акобир  Тӯраев бартарии тимашро дучанд сохт. Бо ҳисоби 2 бар 0 дастаҳо ба танаффус баромаданд. Дар қисмати дуюми  дидор Акобир Тӯраев боз дарвозаи  КМВА рахна карда, ба номаш дубл сабт кард. Ҳамзамон  сеюмин  голи худро дар мавсим ба қайд гирифт. Дар дақиқаҳои иловагии нерусанҷӣ бинобар қоидаситезии  футболбози меҳмонон довар ба дарвозаашон пеналтӣ таъйин намуд, ки онро Шервонӣ Мабатшоев бо муваффақият вориди дарвоза намуд. Рақобат бо ҳисоби 3 бар 1 ба суди дастаи "Эсхата" ба анҷом расид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив