LIVE

"Ювентус" соли дуюмаст, ки аз даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо меафтад

Дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии  Лигаи чемпионҳои Аврупо бошгоҳи "Ювентус"  дар майдони худ тими "Порту"-ро пазируфт.  Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Алянтс Ювентус" доир шуд. Дар дақиқаи 19-ум Мерих Демирал ба қоидаситезӣ даст зад, ки довар  барои он ба дарвозаи "Ювентус" пеналтӣ таъйин намуд. Сержиу Оливейра бошад,   бо  муваффақият онро ба гол табдил дод. Бо бартарии меҳмонон қисмати якуми дидор ба анҷом расид. Дар дақиқаи 49-ум  Федерико Кйеза аз партофти Криштиану Роналду истифода бурда,  таносубро барқарор сохт.  Бо гузашти 5 дақиқа  Меҳдӣ Таремӣ бинобар пас аз ҳуштаки довар   зарба задан  дуюмин корти зардашро гирифта, аз бозӣ ронда шуд.   Дар дақиқаи 63-юм Федерико Кйеза боз ба задани гол даст ёфта, ба номаш дублро сабт сохт. Дар дақиқаи 90-ум Мората тавонист тӯбро дохили дарвозаи ҳариф гадонад, лекин довар пас аз тамошои наворҳои такрорӣ онро ба қайд нагирифт. Вақти   асосии бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1  ба анҷом расид. Чун  натиҷаи бозии якум 1 бар 2 ба суди "Порту" буд, рақобат ба қисмҳои иловагӣ кашида шуд. 
    Дар дақиқаи 115-ум  Сержиу Оливейра   боз ба задани гол даст ёфт. Дере нагузашта Адриен Рабйо   голи охирини вохӯриро  ба номаш   сабт намуд.   Ҳамин тавр  бозӣ бо ҳисоби  3 бар 2 ба суди "Ювентус" ба анҷом расид. Вале аз рӯйи натиҷаи ҳарду бозӣ ҳисоб 4 бар 4   мусовӣ гашта, "Порту" бинобар 2 голи дар сафар задашуда роҳхати даври ¼ ниҳоиро ба даст овард.  "Ювентус" бошад, ба таври ҳангомавӣ аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив