LIVE

Голи Манучеҳр Сафаров ғалабаи мушкили “Локомотив Помир”-ро таъмин сохт

Бозии дастаҳои “Локомотив Помир” ва КМВА дар доираи рақобатҳои даври 16-уми Лигаи олии мамлакат дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифт. Ҳисобро футболбозони дастаи КМВА боз намуданд. Ин голро Шервонӣ Мабадшоев аз пеналтӣ зад ва бо ҳамин натиҷа футболбозон ба танаффус баромаданд. Дар дақиқаи 56-ум Азизбек Ҳасанов аз дастаи “Локомотив Помир” натиҷаро баробар намуд. Дере нагузашта Азизбек Ҳасанов ба задани як голи дигар даст ёфта, тимашро пешсаф намуд. Дар дақиқаи 69-ум “артишиҳо” бо истифода аз як ҳолати хуби голзанӣ таносубро барқарор намуданд. Ин голро Шодибек Ғаффоров марбути номи худ кард. Голи охирини бозиро бошад, Манучеҳр Сафаров аз дастаи “Локомотив Помир” ба самар  расонида, тимашро дар ин вохӯрӣ ғолиб гардонд. Ҳамин тариқ шогирдони Мубин Эргашев дар ҷадвали Чемпионат имтиёзҳояшонро ба 13 расониданд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив