LIVE

Тухел “Челси”-ро ба финал бурданист

Дастаи португалии “Порту” дар майдони  “Рамон Санчес Писхуан” – и шаҳри Севиляи Испания дастаи англисии “Челси” – ро қабул намуд. Бозии мазкур бо ҳисоби 0-2 ба фоидаи меҳмонон ба охир расид.

Нимҳимоятгари “Челси” Мэйсон Маунт ҳисобро дар дақиқаи 32-юм баъди партоби Жоржиню дуруст ба самар расонд. Дар дақиқаҳои охири бозӣ (дақиқаи 85) бошад, меҳмонон бо тӯби задаи Бенджамин Чилуэлл голи дуюмро дар ҳисобашон сабт намуданд. Ҳамин тавр, шогирдони Томас Тухел гуфтан мумкин аст, ки як қадами ҷиддие ба сӯи марҳилаи нимфинал гузоштанд. Бозии ҷавобии ин дастаҳо низ дар майдони  “Рамон Санчес Писхуан” – и шаҳри Севиляи Испания рӯзи 13 апрел баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив