LIVE

«Вест Хем» ба Лигаи қаҳрамонҳо шомил шуданист

Дар бозии даври 30-юми Чемпионати Англия дастаи «Вест Хем» бо ҳисоби 3-2 бар «Вулверхемптон» ғолиб омад. Бозии мазкур дар майдони «Молина»-и шаҳри Вулверхемптон сурат гирифт. Дар дақиқаи шашум, Лингард ҳисобро кушода, дар дақиқаи дуюм бошад, боз меҳмонон бо голи задаи Пабло Форналс пеш гузаштанд. Голи сеюм, ки ҳалкунанда ба ҳисоб меравад, ба Джаррод Боуэн муяссар гашт. Дар дақиқаҳои 44-ум Дендонкер ва дар дақиқаи 68-ум Силва аз дастаи мизбон тавонистанд фақат ба ду голи задаи меҳмонон ҷавоб диҳанду халос.  
Ҳамин тавр, дастаи «Вест Хем» ба ҷойи чоруми ҷадвал баромада, аз «Челси», ки дар ин давр бо ҳисоби бузурги 2-5 аз «Вест Бромвич» шикаст хӯрд, пеш гузашт. Акнун «Вест Хем» 52 имтиёз дошта, шогирдони Томас Тухел бошад, 51 имтиёз доранд. Ҳамчунин онҳо аз «Ливерпул» ва «Тоттенхем», ки 49 имтиёзӣ доранд, бо 3 имтиёз дар пеш аст. «Эвертон» бошад, аз «Ливерпул» ва «Тоттенхем» бо 2 имтиёз қафо буда, дар ҳисобашон як бозии дигари анҷомнодода доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив