LIVE

"Вест Бромвич" аз "Ливерпул" имтиёз ситонид

Яке аз бозиҳои охири даври 15-уми Премйер-лигаи Англия миёни тимҳои “Ливерпул” ва “Вест Бромвич” сурат гирифт. Бозӣ дар варзишгоҳи “Энфилд”-и шаҳри Лондон доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ поён ёфт. Дар дақиқаи 12-уми пайти аввали нерусанҷӣ ҳамлавари тими  “Ливерпул” Садио Мане ҳисобро кушод ва дастаашро ба пеш баровард. Меҳмонон дар дақиқаи 82-юми пайти дуюм бо голи Семи Аҷайи ҳисобро баробар намуданд ва аз садрнишини ҷадвали чемпионат як имтмиёз ситонданд. Бо ҳамин тартиб рақобати дастаҳои "Ливерпул" ва “Вест Бромвич” дар даври 15-уми Чемпионати Англия бо ҳисоби 1 бар 1 пушти сар шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив