LIVE

“Милан” бо Златан Иброҳимович шартномаи нав мебандад

Ҳамлагари “Милан” - Златан Иброҳимович бо анҷом ёфтани мавсим дар тим боқӣ хоҳад монд. Рӯзҳои охир ҷонибҳо дар бораи тамдиди қарордод, ки тобистони имсол ба поён мерасад, ба мувофиқа расидаанд. Музокирот чанд ҳафта идома кард. Дар ояндаи наздик, клуб бояд эълон кунад, ки созишнома бо Златан барои як мавсими дигар дароз карда мешавад.  Иброҳимович аз соли 2010 то 2012 дар “Милан” бозӣ карда, аввали соли гузашта ба клуб баргашт. Дар мавсими ҷорӣ, ҳамлагари 39-сола дар 16 бозии Серияи А-и Итолия ширкат варзида, 15 гол ба самар расонидааст. Златан инчунин дар дастаҳои “Малмйё”, “Аякс”, “Ювентус”, “Интер”, “Барселона”, “Пари Сен-Жермен”, “Манчестер Юнайтед” ва “Лос Анҷелес Галакси” бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив