LIVE

«Истиқлол» маротибаи 10-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» баргузор шуда, бо натоиҷи 2:0 ба суди намояндаи Душанбе хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ голҳои “Истиқлол”-ро легионери ҳолландӣ - Ҳусейн Доған дар дақиқа 56 ва Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 60-ум ба самар расониданд. Ҳаминтавр “Истиқлол” бо ду голи беҷавоб бар дастаи шаҳри Кӯлоб ғалаба карда, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2021 гардид. Ёдовар мешавем, ки “Истиқлол” бори 10-ум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив