LIVE

“Хуҷанд” дар ду дақиқа Суперҷомро ба "Истиқлол" дод

Дастаи “Истиқлол” дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон “Хуҷанд” - ро дар варзишгоҳи марказӣ шикаст дод ва барандаи ин ҷом шуд. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди душанбегиҳо хатм гардид. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб - Мануҷеҳр Ҷалилов (76) ва Муҳаммадҷон Раҳимов (78) ба дарвозаи меҳмонон заданд. Ягона голи “Хуҷанд”-ро бошад, Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи дуюми бозӣ ба ҳадаф расонид. “Хуҷанд” дар кӯшиши чоруми худ низ Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда натавонист. “Истиқлол” бошад, бори 9-ум аст, ки ин ҷоизаро моли худ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив