LIVE

Суперҷоми Тоҷикистон аз "Равшан" мешавад ё "Истиқлол"?

Сармураббии дастаи «Равшан» -и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмедов дар бораи омодагии даста ба бозӣ бо «Истиқлол» -и Душанбе дар доираи Суперҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад, сухан гуфт.

"Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон иди футбол аст, ин кушодашавии мавсим аст. Ба ин муносибат мехоҳам ҳамаро бо оғози мавсими нави футбол табрик намоям. Мо тайёриро ба мавсим аз моҳи январ оғоз кардем.Мо дар Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар ширкат варзидем. Мутаассифона, ҳарчанд мо дар ин мусобиқаҳо ғолиб шуда натавонистем, аммо ҳаракат кардем. Пеш аз оғози мавсим шаш легионер ба сафи мо пайвастанд.Ман аз интихоби клуб қаноатмандам. Даста дар ҳолати хуб қарор дорад. Равшан мушкили молӣ надорад. Ширкати Ҳоҷӣ Шариф клубро пуррадастгирӣ дорад".
Ёдовар мешавем, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2021 байни "Истиқлол" -и Душанбе ва "Равшан" -и Кӯлоб пагоҳ, 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 16:00 оғоз меёбад. Даромадгоҳ барои тамошобинон ройгон аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив