LIVE

Голи шашуми Комрон Турсунов дар Hero I-League

Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов голи шашуми худро дар Hero I-League - дивизиони якуми Ҳиндустон зад. Дар бозии даври навбатии лигаи якуми Ҳиндустон, клуби «ТРАУ» -и Турсунов дар майдони худ бар «Панҷоб» пирӯз шуд - 1:0. Голи ягона ва ғолибро нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов, ки дар дақиқаи 81-уми вохӯрӣ фарқ кард, ба ҳадаф расонд.   Комрон Турсунов ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ояндаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 бар зидди мунтахаби Муғулистон, ки рӯзи 25-уми март дар Душанбе баргузор мешавад, даъват шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив