LIVE

Боз як футболбози тоҷик ба хориҷ рафт

Ҳамлавари 23 солаи тими мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов фаъолияти варзишии худро дар хориҷи кишвар, саҳеҳтараш дар Чемпионати Ҳиндустон идома медиҳад. Комрон Турсунов, ки ду мавсими охир шарафи бошгоҳи «Истиклол»-ро ҳимоя мекард, ҳамчун футболбози озод роҳ пеш гририфт ҷониби дастаи «Мохун Баган», ки дар Лигаи якуми Чемпионати Ҳиндустон баромад мекунад. Тавре иттилоъ дода мешавад, Турсунов бо дастаи ҷадиди хеш ба муҳлати як сол шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҳамакнун дар Чемпионати Ҳиндустон таҳти шумораи 7 ҳунарнамоӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив