LIVE

Комрон Турсунов муаллифи голи тезтарин дар Ҳиндустон

Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон - Комрон Турсунов аввалин ҳунарнамоии худро дар дастаи ТРАУ-и Ҳиндустон баргузор кард. Дар даври аввали дивизиони якуми Ҳиндустон дастаи Комрон Турсунов дар сафар бо тими "Реал Кашмир"  рақобат намуд. Натиҷаи бозӣ 1 бар 1  мусовӣ шуд. Ягона  голи меҳмононро Комрон дар сонияи 10-уми вохӯрӣ ба самар расонид. Ин голи тезтарин дар таърихи футболи Ҳиндустон ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, ки Турсунов мавсими гузашта дар дастаи "Моҳун Баган"-и ин кишвар ғолиби чемпионати Ҳиндустон миёни дастаҳои дивизиони якум шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив