LIVE

Комрон Турсунов бо дастаи “Моҳун Баган” хайрухуш кард

Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон - Комрон Турсунов, ки аз соли 2019 дар дастаи футболи “Моҳун Баган” баромад мекард, муҳлати шартномааш бо ин дастаи кишвари Ҳиндустон ба анҷом расид. Ёдовар мешавем, ки ин ҳамлагари тоҷик бо дастаи “Моҳун Баган” чемпиони Лигаи якуми Ҳиндустон гардид.

“Вақти он расид, ки бо мураббиёну ҳамдастагонам хайрухуш кунам. Бароям ин аввалин таҷрибаи бозӣ дар хориҷи кишвар буд ва аз он ифтихор мекунам, ки узви ин тими шомили Лигаи якуми Ҳиндустон будам”, гуфтааст Комрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
 Ёдовар мешавем, ки Комрон Турсунов шуруъ аз соли 2018 узви тими миллии футболи Тоҷикистон маҳсуб шуда, қаблан дар дастаҳои футболи “Регар ТадАЗ” ва “Истиқлол” бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив