LIVE

Фатҳи Голландия

Футболбози ҷавони тоҷик Комрон Турсунов, ки ба дастаи "Утрехт"-и Голландия даъват шуда буд айни ҳол тамринҳои худро дар ҳайати дастаи мазкур идома дода истодааст. Чуноне, ки худи футболбоз ба мо хабар дод онҳо дар як рӯз ду тамрин субҳ ва нисфирӯзӣ доир мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Комрон Турсунов дастпарвари бошгоҳи "Регар ТадАЗ" ба ҳисоб рафта, тӯли ду мавсими охир дар дастаи "Истиқлол" бозӣ мекард. Моҳи гузашта дастаҳои "Утрехт"- Голландия ва "Русенборг"-и Норвегия Комрон Турсуновро барои санҷиш даъват намуданд. Умед бар он мебандем, ки ӯ бо яке аз ин дастаҳо шартнома ба имзо расонида, муаррифгари футболи тоҷик дар Аврупо мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив