LIVE

"Ливерпул" роҳхати даври 1/4 ниҳоии Лигаи чемпионҳоро ба даст овард

Дар бозии дигари ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо дастаҳои "Леверпул" ва   "Лейптсиг"-и Олмон бо ҳам майдондорӣ карданд. Ин рақобат дар варзишгоҳи "Пушкаш Арена"-и Будапешт сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди "Ливерпул" хотима ёфт. Қисмати  якуми дидор   бидуни гол  сипарӣ шуд. Дар дақиқаи 70-ум  ҳамлагари   мисрӣ Муҳаммад Салоҳ аз партофти Диегу Жота истифода бурда, тимашро ба пеш баровад. Дере нагузашта  Садио Мане бартарии  "Ливерпул"-ро   дучанд сохт.  Бозии якум низ бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи "Ливерпул" буд. Ҳамин тариқ,  дастаи англисӣ   ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ ёфта, "Лейптсиг" аз идомаи  рақобатҳо бенасиб монд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив