LIVE

"Ливерпул" роҳхати даври навбатии Ҷоми Англияро ба даст овард

Дар варзишгоҳи “Вилла Парк”-и Бирмингем   бозии даври 3-юми Ҷоми Англия  оид ба футбол миёни дастаҳои  Астон Вилла  ва Ливерпул  доир шуд.   Ҳисобро дар  лаҳзаҳои аввал  Садио Мане боз кард.  Мизбонон дар дақиқаи 41-ум таносубро барқарор сохтанд.  Ҳамлагари 17 солаи  "Астон Вилла" Луи Барри  бо як маҳорати баланд ба задани гол даст ёфт.  Дар дақиқаи 60-ум  Жорнинйо Вейналдум  "Ливерпул"-ро   ба пеш баровард.  Бо гузашти 3 дақиқа  Садио Мане бо сар  тӯбро дохили дарвоза  сохт. Дере нагузашта  Муҳаммад Салоҳ голи чоруми "мерсисайдҳо"-ро дар ин вохӯрӣ марбути номи худ намуд. Бозӣ бо ҳисоби 4 бар 1 ба суди "Ливерпул" поён ёфт. Ёдовар мешавем, ки бинобар сироятёбии аксари футболбозони ҳайати асосӣ  ба коронавирус  "Астон Вилла" бо ҳайати ҷавонон ва захиравии худ бо "Ливерпул" рақобат намуд. 
Ҳамин тариқ,  дар қатори "Ливерпул"  "Вулверхэмптон" низ "Кристал "Пэлас"-ро шикаст дода,  роҳхати даври 16/1 ниҳоии  Ҷоми Англияро ба даст овард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив