LIVE

“Ливерпул” дар Энфилд “Арсенал”-ро меҳмондорӣ кард

Дар бозии даври 3-юми Премйер Лигаи Англия “Ливерпул” “Арсенал”-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ҳисоб дар миёнаи нимаи аввал кушода шуд - дар дақиқаи 25-ум Александр Лаказетт муаллифи голи аввалини дидор гардиду лондониҳо бартариро ба даст гирифтанд. Пас аз чанд дақиқа, Садио Мане таносубро барқарор кард. Дар дақиқаи 34-ум “Ливерпул” бо голи задаи Эндрю Робертсон пешсаф шуд. Дар ниҳоят футболбози ҷадиди соҳибони майдон Диого Жота голи сеюми дастаашро таслими дарвозаи “Арсенал”-намуд. Дар даври навбатӣ “Ливерпул” дар сафар бо “Астон Вилла” бозӣ мекунад ва “Арсенал” бошад,  дар майдони худ “Шеффилд Юнайтед”-ро истиқбол мегирад.  Бозиҳо рӯзи 4 октябр баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив