LIVE

«Ливерпул» баъди 67 сол дубора бо ҳисоби бузург шикаст хурд

Дар бозии даври 4-уми Чемпионати Англия  «Ливерпул» аз «Астон Вилла» бо ҳисоби таърихии 7 бар 2 шикаст хурд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи «Вилла Парк» баргузор гардида, дар ин бозӣ дастаи «Астон Вилла» дарвозаи чемпиони Англияро голборон карда, рақобат бо ҳисоби бузурги 7:2 ба фоидаи «Астон Виллп» ба охир расид. Дар ин майдондорӣ голҳои «Астон Вилла»-ро Уоткинс (3 гол), Макгинн (1 гол), Баркли (1 гол) ва Грилиш (2 гол) ба самар расониданд. Ду голи шогирдони Клопро Муҳаммад Салоҳ ба дарвозаи рақибон ворид кард.
Пас аз ин ғалаба дастаи «Астон Вилла» соҳиби 9 имтиёз шуда, ба зинаи дуюми ҷадвал баромад. Бошгоҳи «Ливерпул» бошад, дар зинаи 5-ум мавқеъ касб кардааст.
Ёдовар мешавем, ки «Астон Вилла» бозии даври аввали чемпионатро доир накардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив