LIVE

Жоан Лапорта президенти нави “Барселона” интихоб шуд

Ҳуқуқшиноси 58-солаи испанӣ ва президенти собиқи “Барселона” Жоан Лапорта дубора ин мақом интихоб шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти клуби катлонӣ дар Twitter хабар дод. Хотиррасон мекунем, ки Виктор Фонт ва Тони Фрейша низ номзад ба вазифаи президенти клуб маҳсуб мешуданд. Тибқи натиҷаи ҳисобкунии ҳамаи овозҳо, Лапорта 54,28% (30,184), Виктор Фонт - 29,99% (16,679) ва Тони Фрейша - 8,58% (4,769) овоз гирифтанд. Интихобот мебоист рӯзи 24-уми январ сурат мегирифт. Аммо мақомоти Каталония ин маросимро ба дигар вақт гузаронида буд. Тирамоҳи соли гузашта, Хосеп Мария Бартомеу пас аз дучори танқид дар пасманзари натиҷаҳои бади даста ва норозигии капитани даста Лионел Мессӣ аз вазифаи президенти “Барселона” барканор шуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив