LIVE

Бартомеу боздошт гардид

Собиқ президенти “Барселона” Хосеп Мария Бартомеу боздошт шуд. Дар баробари Бартомеу, собиқ директори генералии каталонҳо - Оскар Грау ва Роман Гомес Понти, ки масъули амалиёти қонунии бошгоҳ мебошад, низ дастгир шуданд. Боздошти кормандон бо ҷустуҷӯҳое, ки дар идораи марказии каталониҳо 1 март сурат гирифт, алоқаманд аст. Хабар дода мешавад, ки моҳи феврали соли 2020 роҳбарияти собиқи клуб бо мақсади бадном кардани одамоне, ки Бартомеуро танқид мекарданд, ширкате таъсис додааст. Ба рӯйхати қурбониён инчунин ҳимоятгар Жерар Пике ва ҳамлагар Лионел Месси шомил буданд. Тибқи дигар сарчашмаҳо онҳо барои корҳои шахсияшон номи  "Барселона"-ро истифода бурдаанд.  Хосеп Бартомеу  шаби гузштаро дар боздоштхона сипарӣ намуд. Ёдовар мешавем, ки  Бартомеу тирамоҳи соли гузашта аз мақомаш барканор карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив