LIVE

Мирзоев рафту Мирзоев омад

Директори генералии "Газпром нефт - Тоҷикистон" - Фарҳод Мирзоев раиси нави Федератсияи футболи Душанбе интихоб шуд. Имрӯз конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Душанбе баргузор гардид, ки дар он ҳайати нави роҳбарият интихоб карда шуд. Дар натиҷаи овоздиҳии кушоди вакилон Фарҳод Мирзоев писари собиқ бозигари дастаҳои «Энергетик» -и Душанбе ва “Помир” Султонбек Мирзоев раиси нави Федератсияи футболи Душанбе интихоб шуд. Дар ин вазифа ӯ Анваршо Мирзоевро иваз кард, ки аз моҳи июли соли 2016 Федератсияи футболи пойтахтро роҳбарӣ мекунад. Алиаҳмад Мирзоев муовини аввали раиси ФФД ва Исо Бафоев муовини раис интихоб шуданд. Роҳбари нави Федератсияи футболи Душанбе Фарҳод Мирзоев зимни суханронӣ дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботӣ ба ҳамаи вакилон барои эътимод ташаккур гуфт ва гуфт, ки барои рушди футбол дар пойтахт тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод. Ғайр аз он, Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияро интихоб кард. Ба Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Душанбе ба ғайр аз раис ва ду муовин, Раҳматшо Камолов, Зафар Ярашев, Шукур Мансуров, Хусрав Нурматов, Фуркат Ҳувайдуллоев, Абдурофе Нӯъмонов, Ҳасан Мангутов ва Муҳаммадӣ Холов шомил буданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив