LIVE

Гвардиола шогирдонашро ба бозиҳои мунтахаб равон карданӣ нест

Сармураббии бошгоҳи “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола   муқобили  рафтани  футболбозон ба мунтахабҳояшон ҳаст.  Зеро    дар сурати бозгашт ба Англия онҳо бояд ба карантини 10 рӯза фаро гирифта шаванд. Ёдовар мешавем, ки охирҳои моҳи март    бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022   доир мешаванд. 
“Мо тӯли мавсим  кори душворро анҷом додем.  Баъди бозӣ дар мунтахабҳояшон футболбозон бояд 10 рӯз дар карантин шинанд. Ин  бемаъно аст.  Онҳо аниқ рафтанӣ нестанд.  Агар футболбозон   имкони рафта, дар  тимҳои миллӣ бозӣ карда, боз омада дарҳол  ба ҳайати даста пайвастанро дошта бошанд, ин кори дигар. Мо  пӯли зиёд харҷ  дорем.  Дар сурати   набудани 7-8  бозигар, рақобат  бемаъно хоҳанд шуд"- мегӯяд Хосеп Гвардиола. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив