LIVE

Директори «Ман Сити»: Гвардиола ҳеҷ куҷо намеравад

Иҷрокунандаи вазифаи директори «Манчестер Сити» Ферран Сориано роҷеъ ба эҳтимолияти рафтани сармураббии даста - Хосеп Гвардиола чунин изҳори назар кард.
«Пеп борҳо ёдовар шуд, ки шартномаи ӯ бо даста барои ду мавсими дигар пешбинӣ шудааст.  Ба ҳамин хотир дар ин масъала мо бояд баҳс накунем. Боқи мондан ё рафтани ӯ вақти муайяни хешро дорад. Клуб то ҳаде пурқувват аст, ки рафтани Гвардиоларо эҳсос намекунад. Вале читавре, ки Пеп гуфтааст, ӯ ҳеҷ куҷо рафтанӣ нест. 
Премйер-лигаи Англия мусобиқаи рақобатпазир аст. Дар инҷо дилхоҳ даста имкони ғалаба кардан бар рақиби хешро дорад. Ҳарчанд моро натиҷаи бозиҳои мавсим қонеъ намекунад, вале чӣ бояд кард? Футбол ҳамингуна аст”, гуфтааст Сориано. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив