LIVE

Гвардиола шабнишинии солинавиро барои шогирдонаш манъ кард

Хосеп Гвардиола, сармураббии дастаи "Манчестер Сити" шабнишинии солинавиро барои бозингаронаш манъ намуд. Солҳои ахир гузаронидани шабнишиниҳо дар арафаи Соли нав барои футболбозон, кормандони ин даста анъана шудааст. Як сол қабл футболбозон то субҳ машғули айшу ишрат шуда, ба таври ногаҳонӣ аз "Кристал Пэлас" (2:3) ва баъди чаҳор рӯз аз "Лестер" ноком шуданд. Таҷрибаи соли гузашта ва қафо мондан аз "Ливерпул" дар пойгаи қаҳрамонӣ Гвардиоларо водор кардааст ба шогирдонашро барои гузаронидани шабнишинӣ, ки шаби гузашта дар маркази шаҳри Манчестер доир шуд, иҷозат надиҳад. Рӯзи якшанбе, аллакай дастаи "Манчестер Сити" дар сафар бо "Арсенал" дар даври 17-уми ПЛА дидор менамояд. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив