LIVE

“Манчестер Сити” даъвати Мессиро ба Англия рад кард

Тибқи иттилои Sky Sports, намояндагони бошгоҳи англисӣ гуфтааст, ки онҳо ба капитани тими каталониҳо пешниҳод накардаанд ва бо ӯ гуфтушунид низ анҷом нахоҳанд дод.  Ҳамзамон, шаҳриҳо ҳақ доранд, ки аз аввали моҳи январ бо Лео тамос гиранд, зеро тобистони соли равон шартномаи ӯ бо каталонҳо ба охир мерасад. Тобистони гузашта Месси кӯшиши тарки “Барселона”-ро кард, аммо роҳбарият ӯро раҳо накард ва дар ниҳоят бозигар қарор кард, ки бимонад. Довталабони асосии футболбози аргентинӣ “Манчестер Сити” ва “Пари Сен-Жермен” маҳсуб мешавад. Дар мавсими ҷорӣ Месси дар 20 бозии Ла-Лигаи Испания ширкат варзид. Ҳамлагари 33-сола 15 гол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив