LIVE

«Бавария» рекорди "Барселона"-ро такрор кард

Дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон миёни бошгоҳҳо дастаҳои «Бавария» ва «Тигрес» рақобат намуданд. Вохӯрии клубҳо дар майдони «Эдюкейшн Сити»-и шаҳри Эр-Райяни кишвари Қатар баргузор шуда, бо натиҷаи 1:0 ба суди намояндаи Аврупо яъне дастаи «Бавария» хатм шуд. Ягона голи ин дидорро дар дақиқаи 59-ум дифоъгари фаронсавии «Бавария» - Бенжамен Павар аз паси головари Левандовски ба самар расонида, дастаашро қаҳрамони Чемпионати ҷаҳон миёни бошгоҳҳо дар соли 2021 намуд. Ҳамин тавр дастаи «Бавария» маротибаи дуюм дар таърихи хеш Ҷоми ҷаҳонро ба даст овард. Аввалин бор “Бавария” соли 2013 ин ҷоизаро соҳиб гардида буд. Ёдовар мешавем, ки ин шашумин ҷоизаи "Бавария" дар мавсим ба ҳисоб меравад. Қаблан ба ин дастовард "Барселона" ноил гардида буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив