LIVE

“Бавария” дар Лигаи чемпионҳо рекорди нав гузошт

“Бавария” ғалабаи сеюми худро дар Лигаи Чемпионҳо  ба даст овард. Дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳӣ  дастаи мюнхенӣ тими "Залтсбург"-ро мағлуб кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 6:2 хотима ёфт. Ҳамзамон, ба дастаи шаҳри Мюнхен муяссар шуд, ки дар 15 дақиқаи охир чор гол занад. Бо ин нишондод “Бавария” аввалин дастаест, ки дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳо дар 15 дақиқаи охир чор гол задааст.
Бавария Мюнхен 9 хол ба даст овард ва пешсафиашро дар гурӯҳи А мустаҳкам кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив