LIVE

Эдегорро дар Лондон мушоҳида карданд

Футболбози “Реал Мадрид” - Мартин Эдегор барои ба имзо расонидани шартнома бо “Арсенал” ба Лондон парвоз кард.
Бино ба иттилои манбаъ, 25-уми январ футболбози мазкур пеш аз бозигари “Арсенал” гардидан, аз муоинаи тиббӣ мегузарад. “Арсенал” Эдегорро то охири мавсим ба иҷора мегирад. 
Дар мавсими ҷорӣ, Эдегор дар ҳайати “Реал Мадрид” дар чемпионати Испания ҳафт бозӣ анҷом додааст. Мавсими гузаштаро вай дар “Реал Сасйедат” гузаронида буд.
Эдегор аз сабаби кам будани вақти бозӣ дар бошгоҳи шоҳона, пешниҳоди “Арсенал”-ро қабул кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив