LIVE

Лэмпард дар бораи истеъфоаш аз “Челси” ҳарф зад

Сармураббии "Челси" - Фрэнк Лампард овозаҳоро дар бораи истеъфоаш аз дастаи лондонӣ дар паи натиҷаҳои номувофиқи даста шарҳ дод.

“Ман беақл нестам, мушкилоти марбут ба идоракунии як дастаи пешқадами футболро медонам, аммо ман танҳо кори худро иҷро мекунам. Овозаҳо бароям аҳамияте надоранд. 
Робитаи ман бо мухлисон ва дастгирии онҳо зиёданд. Вақте ки ман ҳамчун мураббӣ ба кор омадам, медонистам, ки муносибатҳо метавонанд тағир ёбанд. Чизҳое ҳастанд, ки онҳоро идора кардан ғайри имкон аст. То он даме, ки дар инҷо ҳастам, барои бешрафт даста тамоми талошу кӯшишҳоро ба харҷ медиҳам”, иқрор шудааст Лэпард ба Sky Sports.
“Челси” дар сафар аз “Лестер” бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Ин бохти 6-уми лондонҳо дар мавсим маҳсуб меёбад. Ҳоло “Челси” бо 29 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ҳаштум аст. Бозигарони Лампард вохӯрии навбатии худро рӯзи 24-уми январ дар Ҷоми Англия бо “Лутон Таун” баргузор мекунанд ва пас аз он онҳо 27 январ  бо “Волверҳэмптон”, 31-уми январ бо “Бёрнли” ва 4-уми феврал бо “Тоттенхэм” бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив