LIVE

Дар ПЛА 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба Ковид-19 ошкор гардид. Бозиҳо лағв шуданд

Дар сомонаи расмии Премйер Лигаи Англия натиҷаи  марҳилаи навбатии  санҷиши тестӣ аз бемории коронавирус  интишор карда шуд.  Марҳилаи санҷишӣ  аз 28 декабр то 3 январ роҳандозӣ гардида, 2295 нафар аз тест гузаштанд.  Аз ин миён дар организми 40 нафар  вируси  корона ошкор гардид.  Сироятёфтагон   10 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд. Ин нишондод аз оғози мавсим рекордӣ ба ҳисоб меравад.  Ёдовар мешавем, ки  дафъаи гузашта 18 ҳолати сироятёбӣ ба бемории  Ковид-19   муайян шуда буд. Бинобар хуруҷи коронавирус  бозии дастаҳои  "Фулхэм"-"Бёрнли" ва "Эвертон"- "Манчестер Сити"  ба мавқуф гузошта шуданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив