LIVE

500-умин бозии Месси дар Ла Лига

Дар бозии даври 17-уми Ла Лига бошгоҳи "Барселона" меҳмони "Уэска" гардид. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи "Эл Алкорас"-и шаҳри Уэска доир гардида бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди Барселона поён ёфт. Муаллифи голи ягонаи дидор нимҳимоятгари голандии "Барселона", Френки Де Йонг гардид. Де Йонг дар дақиқаи 27уми пайти аввали нерусанҷӣ аз партофи Леонел Месси истифода намуда, тубро вориди дарвозаи Уэска намуд. Ин партофти головар барои сарвони каталонӣ дар  корномаи касбияш 300-умин ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон дидори мазкур барои футболбозӣ аргентинӣ дар Ла Лига  500-умин буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив