LIVE

Голи 50-уми Месси аз зарбаи ҷаримавӣ

Ҳамлавари аргентинии бошгоҳи “Барселона” – Лео Месси дар бозии даври 11-уми Ла Лига бар муқобили “Валядолид” (5:1) голи нахустинашро аз зарбаи ҷаримавӣ таслими дарвозаи Масип намуд. Ҳамин тавр ин 50-умин голи ҳамлавари аргентинӣ дар корномаи варзишиаш ба шумор меравад. Аз ин шумора Лео 44 голашро дар “Барселона” ва 6 тӯби дигарашро дар тими мунтахабаи Аргентина ба самар расонидааст. 
Шумораи зарбаҳои ҷаримавии Месси дар 5 мавсими охир:
Месси 20
Ювентус 15
Рома 13
ПСЖ 13
Лион 13
Болоня 12

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив