LIVE

Чемпионатҳои ҷаҳон миёни наврасон(U-17) ва ҷавонoн (U-20) барҳам хурд

  Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) расман баргузории мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонони то 20 сола ва наврасони то 17 соларо манъ кард. Ин хабар дар сомонаи расмии ФИФА интишор шуд. Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 20-сола ва наврасони то 17-сола мебоист соли 2021 баргузор шаванд. Ҳамакнун кишварҳои Индонезия ва Перу, ки мизбонии ин мусобиқотро бар душ доштанд, ин ҳуқуқро барои мусобиқаҳои навбатии соли 2023 нигоҳ медоранд. Бекор кардани Чемпионатҳои ҷаҳон миёни ҷавонон ва наврасон бо сабаби таъсири бемории ҳамагири Ковид-19 алоқаманд аст. Қарори манъи мусобиқаҳои мазкур бо машварати ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла мизбонони мусобиқа мувофиқа шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив