LIVE

"Улсан Ҳюндай" дар Лигаи қаҳрамонҳои АFC пирӯз шуд

Футболбозони бошгоҳи футболи "Улсан Хюндай" аз Кореяи Ҷанубӣ дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) тими "Персеполис" -и Эронро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд. Ин бозӣ рӯзи 19-уми декабр дар варзишгоҳи "Ал-Ҷануб" шаҳри Эл-Вақраи Қатар баргузор шуд.
Тибқи иттилои сомонаи the-afc.com, дар охири нимаи аввали дидор "Персеполис" ба туфайли зарбаи дақиқи ҳамлагари эронӣ Меҳдӣ Абдӣ Ғар (дақиқаи 45-ум) ҳисобро кушод.
Баъдан Юниор Негаои бразилӣ ду гол (45 + 4, 55 - ҳарду аз пеналтӣ) зада, "Улсан Ҳюндай"-ро ғолиб кард.
Ҳамин тариқ, дастаи шаҳри Улсан барои дувумин бор дар таърих ғолиби ин мусобиқа гардид. Бори аввал бошгоҳи "Улсан Ҳюндай" соли 2012 дар Лигаи қаҳрамонҳои АFC пирӯз шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 бошгоҳи “Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ ғолиби ин мусобиқа гардид.
Бояд гуфт, ки "Улсан Ҳюндай" ҳуқуқи ширкат дар қаҳрамонии бошгоҳии ҷаҳониро, ки рӯзҳои 1-11-уми феврали соли 2021 дар Қатар баргузор мешавад, ба даст овард.
Зимнан, дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки моҳи январи имсол дар рақобатҳои муқаддамотӣ дар меҳмонӣ “Локомотив”-и Тошкандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд, дар плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 дар сафар аз бошгоҳи "Ал-Аҳлӣ"-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа маҳрум гашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив